Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ду узви ҲИУ-ро террорист эълон кард


Иёлоти Муттаҳида ду узви Ҳаракати Исломии Узбакистон ва як узви Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломии Узбакистонро “террорист” унвон кард. Ин эълон ҳама гуна додугирифт бо ин афродро манъ карда ва дороии онҳоро дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳабс мегирад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд гуфт:

"Бародарон Ёсин ва Мунир Чока разманда, ҷалбкунанда, ҳамоҳангсоз ва мубаллиғони Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Мавлуд Кор омири Ҷиҳоди Исломӣ мебошанд. Чукаҳо чандин ҳамлаи Ҳаракати Исломии Узбакистонро дар масири марзи Афғонистону Покистон созмон додаанд.”

Гуфта шуд, шаҳрванди Туркия ва Олмон Мавлуд Кор инчунин аз тарафи Лубнон бо иттиҳоми талоши таъсиси гурӯҳи ал-Қоида дар ин ҷо ҷустуҷӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG