Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои Тоҷикистон абрист, аммо бебориш ва гармтар


Осмон дар аксари маҳалҳои кишвар имрӯз абрию нимаабрӣ, танҳо дар бархе аз манотиқ соф хоҳад буд. Марказҳои ҳавошиносӣ ҳеҷ гуна боришро дар қаламрави Тоҷикистон пешгӯӣ намекунанд ва мегӯянд, ҳаво нисбат ба рӯзҳои гузашта гармтар хоҳад шуд. Чунончӣ ҳаво дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд аз 5 то 7, дар Душанбе ва Кӯлоб аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад. Сардии ҳаво дар Хоруғ аз 6 ба 3 ва дар навоҳии тобеи марказ аз 8 ба 5 дараҷа поин хоҳад омад. Дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд суръати шамол то 20 метр дар сония хоҳад расид. Рутубат дар кишвар коҳиш ёфта, атрофи 70 дарсад боқӣ хоҳад монд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG