Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон зоҳиран маъракаи наве оғоз мешавад – маъракаи мубориза бо непотизм , ё хешу таборбозӣ дар идороти давлатӣ.

Непотизм дар тӯли солҳо дар канори омилҳое, чун маҳаллгароиву шиносбозӣ, аз омилҳои таъйингари хатти машши сиёсати кадрии Душанбе буд. Аммо ин маъракаи нави алайҳи таборгароӣ оё бо мурури вақт фурӯ нишаста, ба мисли қонуни танзим ё қонуни волидайн низ ба дасти фаромӯшӣ нахоҳад рафт?

Замона дигар гашту...

Раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷумъахон Сафаров 4 хешовандашро аз мақом барканор кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз раиси Шаҳритӯс интиқод карда буд, ки дар атрофи худ фақат хешу таборашро ҷамъ кардааст. Оқои Сафаров гуфт, иштибоҳи худро фаҳмид ва дигар такрор нахоҳад кард.

Қабл аз Ҷумъахон Сафаров, вазири нави умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба муҷарради касби ин мақоми баланд, бародар ва писари худро аз сафи пулис хориҷ кард. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳадафи вазир ҷилавгирӣ аз фасод дар ин вазорат буд: “Баробари таъйин шудан ба вазифа, Рамазон Ҳамроевич ба хотири роҳ надодан ба коррупсия бародараш сарҳанг Раҳмонқул Раҳимов- сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти муташаккили вилояти Суғд ва писараш лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Дилшод Раҳимов – ваколатдори фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо аз вазифа озод карданд.”

Аммо ин ибтикори Рамазон Раҳимов дар маҳофил вокунишҳои зиддунақизе ба бор овард. Бахусус баъди онки ҳамагӣ чанд рӯз баъди барканорӣ аз сафи милиса сарҳанг Раҳмонқул Раҳимов муовини раиси идораи гумрук дар вилояти Суғд таъйин шуд.

Ҳуқуқдони тоҷик Файзиннисо Воҳидова бо ишора ба ин нукта мегӯяд, тасмими Рамазон Раҳимов бештар як худнамоист, то талоши муборизаи воқеъӣ бо фасод ва таборгароӣ дар суфуфи милиса: “Ин як худнамоишдиҳист. Ӯ ҳозир вазир шуд, пеш муовин буд ва ҳамчун муовини вазир ҳам метавонист фарзанд ё бародарашро ҳамон вақт барканор кунад. Баъди танқидҳои раисиҷумҳур дар ҷаласаи солона, бисёри шахсони мансабдор чунин иқдом нишон медиҳанд. Вале ин маъракаи муваққатист, ки зуд фаромӯш мешавад ва боз ҳамон кори кӯҳнаро идома медиҳанд. Мо инро пештар дар мисоли қонуни танзим ё қонуни волидайн дидем чанд маротиба. ”

Қонун чӣ мегӯяд?

Масоили марбут ба истихдоми хешу табор ба кор дар идороти давлатиро дар Тоҷикистон ду қонун – қонуни ходими давлатӣ ва қонуни мубориза бо фасод ҳаллуфасл мекунад. Аммо агар қонуни аввал доираи хешу таборро бо падару модар, фарзандон ва хоҳару бародарони шахси раҳбар маҳдуд кунад, дар қонуни зидди фасод қудоҳо низ ба доираи хешони наздик шомил мешаванд. Дар тирамоҳи гузашта бо илҳоқи як илова ба ин қонун, арӯсу домодҳои раҳбари идораро ҳам ба ҷумлаи афроди ғайри қобили истихдом афзуданд. Раиси Ожонси мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов зимни муаррифии ин тағйирот тафсири ҷолибе ҳам дошт, ки “вақте ки келину домод набошад, қудо аз куҷо пайдо мешавад?”

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик

Албатта, дар Тоҷикистон ба тақозои ин ду қонун ҳамеша аз паси панҷа нигоҳ мекарданд. Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, чанд ҳолати истисноии ин қонунҳо имкон медод, ки раҳбари идора бепуштпушт наздикони худро истихдом кунад: “Ба кор гирифтани хешу табори наздик дар идораву ташкилоти давлатӣ дар сурати зертобеъи якдигар будани онҳо мумкин нест. Лекин агар аз ҷиҳати масъулияти молӣ ба якдигар вобаста набошад, қонун иҷозат медиҳад.”

Аз аҳди аморат то имрӯз

Непотизм дар Осиёи Марказӣ падидаи нав нест. Дар аҳди аморати Бухоро ҳам ҳукумати аксари вилоёташ – аз Карминаву Шаҳрисабз то нуқоти аз пойтахти аморат дурафтодае, чун Ҳисору Балҷувон - маъмулан дар дасти хешовандони сершумори амир қарор дошт. Дар даврони Шӯравӣ тарси итоби Маскав иштиҳои раҳбарон барои ҷалби хешону шиносҳо ба курсиҳои равғаниро, албатта, каме коҳиш медод, вале дар он аҳд низ “ҷиян”-ҳои зиёде буданд, ки бо “иноят”-и тағоҳо барои раҳбарӣ ба навоҳии мухталиф эъзом мешуданд. Аммо таборгароӣ дар радифи маҳаллгароиву шиносбозӣ бахусус баъди фурӯпошии Шӯравӣ вусъати густарда пайдо кард.

Донишманди тоҷик Сайфуллоҳ Муллоҷонов мегӯяд, таборгароӣ мушкилест, ки аз домани мушкили бузургтари низ хоси Тоҷикистон, яъне маҳаллгароӣ бархостааст. Аммо ба ақидаи оқои Муллоҷонов, ибтикори вазири дохила Рамазон Раҳимов барои рондани писару бародараш аз сафи милиса фоли хайрест, вале мушкилро ба сурати решаӣ ҳалл намекунад.

Мақоми муносиб ба “ҷавонони тилоӣ”

Бо ин ҳол, бо гузашти 20 сол фарзандони насле, ки дар поёни соли 1992 ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба қудрат расид, ба балоғат расиданд ва дигар ҳар кадоми онҳо дар ин кишвар барои худ ҷойгоҳ ва мақоми муносиб мехоҳад, ки ин мавзӯъи бе он ҳам доғи непотизмро барои Тоҷикистон боз ҳам доғтар мекунад. Ба ақидаи соҳибназарон, Тоҷикистонро қонуни вижае лозим аст, ки тартиб ва чаҳорчӯби истихдоми ин “ҷавонони тилоӣ”-яшро дақиқ кунад, ки оё, барои мисол, 9 фарзанди раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва қудову андаву садҳо хешовандони дигари ӯ дар кадом мақоми давлатӣ ҳаққи кор кардан доранд ва дар кадомаш – на.

Дар як муддати кӯтоҳ то мақоми муовини вазири хориҷа “сабзидан”-и духтари президент Озода Раҳмонова, муовини аввали вазири молия шудани домоди ӯ Ҷамолиддин Нуралиев, раиси бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук ва президенти Федеросиюни футболи Тоҷикистон шудани Рустами Эмомалии ҳамагӣ 24-сола ва паиҳам қаҳрамони футболи кишвар шудани тими “Истиқлол”-и ӯ мавридҳоест, ки баҳси масъалаи непотизмро дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳамеша гарм нигоҳ медорад.

Ҳуқуқдони тоҷик Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, таборгароӣ бидуни шакк як манбаъи фасод аст ва Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи мубориза бо ин падида бояд аз худ ба мансабдорони сутуҳи поёнтар намунаи ибрат нишон диҳад.

Хешбозӣ дар мафкураи мардум ҷо шудааст?

Мӯсо Асозода, аз таҳлилгарони тарафдори давлат ҳам мубориза бо непотизмро дар Тоҷикистон зарур мешуморад, вале мегӯяд, набояд ҳамаро бо як ченак чен карда, афроди Мусо Асозода, коршиноси тоҷик

Мусо Асозода, коршиноси тоҷик

болаёқатро танҳо ба маҳзи ин, ки падараш соҳибмақом аст, аз аробаи мансаб биандозанд. Дар ҳар сурат, ба бовари ӯ, кадом муборизаи тарҳрезишудае алайҳи непотизм дар Тоҷикистон ҳанӯз шакл нагирифтааст ва сухан дар бораи танҳо чанд мавриди алоҳида меравад.

Мӯсо Асозода мегӯяд: “Бигзор хешаш бошад, лекин кордону ҳирфаӣ бошад. Аммо инки бародарашро аз ин мақом бигираду ба мақоми дигар гузорад, ба маъное нест, ки як системаи мубориза бо хешутаборчигӣ ба вуҷуд омадааст. Ин як марази тамоми давлатҳои Осиёи Марказист, вале дар Тоҷикистон як шакли бисёр васеъро гирифтааст. Муттаассифона, дар менталитети мардуми тоҷик, ки хешутаборчигӣ хеле реша давондааст ва мардум ба якдигар наздикии зич дошта, мушкилоти пешомадаро якҷо ва бо кӯмаки ҳамдигар ҳалл мекунанд, ин падида дар сохторҳои алоҳидаи давлатӣ вуҷуд дорад.”

Ба ақидаи таҳлилгарони мустақил низ, непотизм дар Тоҷикистон ба аксари сутуҳи идороти давлатии ин кишвар реша давонда, амалан ба як ҷузъи мафкура ё менталитети мардум табдил шудааст. Таҳлилгари тоҷик Сайфуллоҳ Муллоҷонов мегӯяд, ин мафкура ба зеҳни мардум ҳанӯз аз овони кӯдакӣ талқин мешавад, ки бидуни шинос кори шумо дар ҳеҷ идора буд нахоҳад шуд.

Дар зери чатри ҳимояти “таға”-ҳо

Боздошти бародари муовини вазири амният, ки ҷияни муовини вазири умури дохила ва як мақоми баланди пулиси ноҳияи Фархор низ будааст, ба оташи баҳси непотизм дар Тоҷикистон равғани бештар рехт. Фаридун Умаров, мулаққаб ба “Пантера”, аз сӯи маъмурони Ожонси зидди фасод бо ҷурми даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир дастгир шуд, ҳол онки дар пулис маҳз масъулияти мубориза бо маводи мухаддирро ба дӯш дошт. Ба дунболи ин қазия, аз Қубодиён дар бораи боздошти боз ду тани дигар бо 109 кило маводи мухаддир хабар расид, ки гуфта мешавад, якеаш писари як генерали баландпоя аст.

Дар маҳофил мегӯянд, ин афрод парвардаҳои мактаби кадрии непотизманд, ки таҳти ҳимояти хешовандони мансабдори худ аз ягон навъ таъқиб тарс надоштанд. Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

Раиси ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов зимни эълони хабари боздошти “Пантера” ҳатто гуфт, касе дар Тоҷикистон бидуни ҳимояти мақомоти баландпоя даст ба қочоқи маводи мухаддир намезанад.

Таҳлилгар Мӯсо Асозода мегӯяд, непотизм боис мешавад, ки раҳбари идора манфиатҳои танги хусусиву хонаводагиашро бар манофеъи корхонае, ки идораи умурашро давлат ба ӯ бовар кардааст, бартарӣ диҳад. Табъан як манбаъи умдаи ривоҷи фасоди идорӣ дар кишвар низ ҳамин таборгароист, ки ба ақидаи ин таҳлилгар, ҷилаваш бояд ҳарчӣ зудтару ҷиддитар кашида шавад.

Жан Саркозӣ “шоҳзода” нашуд

Мӯсо Асозода мегӯяд, омӯхтани таҷрубаи кишварҳои дигаре, ки бо айни мушкили непотизм рӯбарӯ буданд ё ҳастанд, барои Душанбе холӣ аз фоида нест. Дар Фаронса, 2 сол пеш, вақте Жан- писари раиси ин ҷумҳурӣ Никола Саркозӣ муддаии курсии раҳбари ноҳияи тиҷории Дефанс дар канори Порис шуд, дар матбуот ва маҳофил Жан Саркозиро “шоҳзода” лақаб дода, падари ӯро ба “хешбозӣ” муттаҳам карданд. Чунон ҳангомае ба по шуд, ки писари Саркозӣ ҳатто аз сабти номзадиаш даст кашид ва гуфт, “пирӯзиеро, ки рӯяш заррае шакк соя андохта бошад, аслан намехоҳад.”

Вале ин, ба ақидаи таҳлилгарон, маворидест ғайри қобили қиёс бо он чӣ ки дар Тоҷикистон мегузарад. Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, танҳо дар вилояти Хатлон дар як соли охир 57 мавриди истихдоми хешу табор аз сӯи раисони идороти давлатиро ошкор кардааст. Аз ҷумла раиси корхонаи обу корези Қӯрғонтеппаро мисол меоранд, ки домодашро сарнозири ин корхона таъйин кардааст. Ё мудири бахши фарҳанги ҳукумати ноҳияи Носири Хисрав, ки раҳбарии Қасри фарҳанги ноҳияро ба модараш супурда, раиси як ҷамоат дар ноҳияи Вахш қудояшро ҷойнишини худ пазируфтааст. Ё ҳамон раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷамъахон Сафаров, ки тавре дар оғози барнома гуфтем, 4 хешованди худро фақат баъди интиқоди мустақими раисиҷумҳур аз мақомҳои баланд дар ин ноҳия барканор кард.

Аммо тамоми ин маворид, чун 5 соли аввали мубориза бо фасоди Ожонси зиддифасоди Тоҷикистон асосан дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ маҳдуд мешавад. Барои “шикор”-и хешу шиносбозҳо дар сутуҳи болотари идороти давлатӣ то ҳол иродаи қотеъ мушоҳида нашудааст ва ё ба таъбири раиси Ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов, “ғайрату ҷуръати сохторҳои қудратӣ басандагӣ намекунад.”

Вале агар дар воқеъ дар Тоҷикистон ба маъракаи нави мубориза бо непотизм оғоз карданианд, пас бубинем, ки доманааш то куҷо хоҳад кашиду аз гиребони киҳо хоҳад гирифт ва “хатҳои сурх”-аш ҳам куҷост?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG