Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хобгоҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро дар Маскав бастанд


Матбуоти Русия хабар медиҳад, ки дар маркази Маскав пулис хобгоҳеро, ки дар он 287 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ мезистанд, бастааст. Дар он шаҳрвандони Русияву Узбакистон, Украинаву Молдова ва Тоҷикистону Беларус зиндагӣ мекардаанд. 14 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии пулиси Маскав хабар додааст. Муҳоҷирон гуфтаанд, ки дар интернет маълумотро дар бораи иқомат дар ин хобгоҳ пайдо кардаанд. Онҳо ҳангоми вуруд ба ин хобгоҳ барои як шабонарӯз 100 рубли русӣ пардохт мекардаанд.
XS
SM
MD
LG