Пайвандҳои дастрасӣ

Шартҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои мусолиҳа


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Дар ҷаласаи додгоҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки паси дарҳои баста сурат гирифт, додгоҳ ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Саидмукарам Абдуқодирзода-раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо ҳам мусолиҳа кунанд. Баъд аз баррасии шарту шароити мусолиҳа ҳар ду ҷониб розӣ шуданд, ки бо ҳам оштӣ мекунанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъд аз ҷаласаи додгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, дар сурати иҷрои се шарт ба мусолиҳа омода аст. Аввал, қарори Шӯрои уламои маркази исломӣ, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ ва барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам карда буд, бекор шуда, раҳбари Шӯро аз онҳо узрхоҳӣ кунад. Дувум, масҷиди "Муҳаммадия", ки фаъолияташ маҳдуд шудааст, дубора ба унвони масҷиди ҷомеъ фаъол гардад. Сеюм, бародарон -- Маҳмудҷон ва Нуриддин Тӯраҷонзодаҳо дар мақоми пешинаи худ, яъне имомхатибии масҷиди "Муҳаммадия" барқарор шаванд.
XS
SM
MD
LG