Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабудашуда яке аз рабояндагони худро кушт ва гурехт


Пулиси Доғистон мегӯяд, дар як ҳодисаи одамрубоӣ шахси рабудашуда тавонистааст, яке аз ду одамруборо бикушад ва фирор кунад. Пулис ба ин ҳодиса расидагӣ мекунад. Рабудашуда, ки аз шаҳри Дарбанд аст, дар таҳхона дар толори варзишӣ нигаҳдорӣ мешуд. Одамрубоён мехостанд дар ивази раҳоии рабудашуда маблағе талаб кунанд. Вале вақте, ки яке аз одамрубоён берун рафт, рабудашуда тавонист тапончаи дуввумиро бигирад ва шаш тир ба бадани вай холӣ кунад. Пулис қотил ва одамрубои дуввумро ҷустуҷӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG