Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯраева: "Додгоҳи ҳакамӣ дубора фаъол хоҳад шуд"


Дар акс: Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ ва раҳбари нахустин Додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон
Дар акс: Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ ва раҳбари нахустин Додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи Хуҷанд бозбинии парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева, раиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистонро қатъ кард.

Додгоҳ ҳуқуқдон Ҷӯраеваро мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ, яъне барои сӯистифода аз ваколатҳои додгоҳи ҷамъиятӣ айбдор мекард.

Тафтиши қаблии парвандаро Оҷонси зидди фасоди молӣ дар вилояти Суғд соли гузашта анҷом дода буд.

Аммо додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар асоси он ки арзи ҳудуди 85 нафар корафтодагони додгоҳи ҳакамӣ на аз ҷониби худи онҳо, балки аз сӯи раёсати Оҷонсӣ пешниҳод шудааст, мутобиқи банди 74-и Кодекси ҷиноӣ - "озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият" бозбинии парвандаи Ҷӯраеваро қатъ намуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим



Дар зимн, аз ибтидо хонум Ҷӯраева парванда дар муқобили худро "фармоишӣ" медонист ва мегуфт, бархе мақомоти маҳаллӣ аз бими он ки додгоҳи ҷамъиятӣ майдони фаъолияти онҳоро танг хоҳад кард, хостанд, ин ниҳоди нави ҷамъиятиро аз байн бубаранд.

Муҳаббат Ҷӯраева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ ризо аст ва ният дорад фаъолияти додгоҳи ҳакамиро, ки аз аввали соли 2011 ба сабаби дар муқобилаш боз шудани парванда қатъ карда буд, дар ояндаи наздик аз сар гирад.
XS
SM
MD
LG