Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветнамитабори Тоҷикистон хостори раводид шудааст


Як шаҳрванди ветнамитабори Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Зафаробод ба сар мебарад хостааст, раводиди Ветнамро бигирад ва ба он кишвар равад. Сомонаи www.VietnamImmigration.Org навиштааст, ин шаҳрванд метавонад баробари вуруд ба фурудгоҳи Ветнам раводид дарёфт кунад, агар дар Тоҷикистон сафорат ё консулгарии Ветнам мавҷуд набошад. Гуфта нашудааст, ки ин ветнамитабор кай шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG