Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди Муҳаббат Ҷӯраева парванда қатъ шуд


Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева
26 январ додгоҳи шаҳри Хуҷанд расидагӣ ба парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева-раиси нахустини додгоҳи ҳакамии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғдро қатъ кард. Додгоҳ ҳуқуқшинос Ҷӯраеваро тибқи ду моддаи қонун барои сӯистифода аз ваколати додгоҳи ҷамъиятӣ гунаҳгор медонист. Тафтиши пешакии парвандаро Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд соли гузашта анҷом дода буд. Хонум Ҷӯраева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розист ва ният дорад фаъолияти додгоҳи ҳакамиро, ки аз аввали соли 2011 ба сабаби боз шудани парванда қатъ карда буд, дар ояндаи наздик аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG