Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Девид Камерон аз таваққуфи рушди Аврупо


Девид Камерон

Дар Давоси Шветсария маҷмаи ҷаҳонии иқтисодӣ идома дорад. Кори ин маҷмаъ дирӯз шурӯъ шуд. Девид Камерон-нахуствазири Британия дар ин маҷмаъ суханронӣ ва дар вазъи иқтисоди Аврупоро ин гуна арзёбӣ кард:

“Мо имрӯз дар марҳалаи барои иқтисоди Аврупо ҳасос бо ҳам мулоқот мекунем. Рушд боз истодааст, бекорӣ афзоиш ёфтааст ва дурнамои Аврупо, ки рӯ ба ақибравист, ба хубӣ мушоҳида мешавад”.

Дар маҷмаи Давоси Шветсария мавзӯи аслии баҳс бӯҳрони қарз дар қаламрави истифодаи евро ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG