Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз шиканҷаи зиндониён дар Либия нигарон аст


BelНевӣ Пиллай
BelНевӣ Пиллай
Мақомоти СММ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, онҳо аз фаъолияти тундравҳои Либия беш аз пеш нигарон ҳастанд. Ҳафтаи ҷорӣ дар Бани Валид-зодгоҳи Қаззофӣ байни сокинон ва инқилобиёни собиқ даргирӣ рух додааст. Невӣ Пиллай-раиси ҳуқуқи башари СММ гуфт, инқилобиёни собиқ тақрибан 8 500 нафарро дар 60 марказ дар зиндонҳо нигоҳ медоранд:

“Набуди назорат бар зиндониён аз ҷониби мақомот заминаи мусоиди азияту озор ва шиканҷаи дардоварро фароҳам сохтааст. Кормандони ман аз зиндонҳое, ки ба он ҷо сафар карданд, гузоришҳои нигаронкунанда доданд”.

Афви Байналмиллал рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки чанд нафар аз боздоштшудагон дар натиҷаи чунин шиканҷа ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG