Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2012: Чаҳор даста – дар нимфинал


Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои Тоҷикистону Эстония
Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои Тоҷикистону Эстония

Чаҳор дастаи мунтахаби ҷавонон – Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Русия ба даври ниманиҳоии Ҷоми Иттиҳод-2012 роҳ ёфтанд.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар бозиҳои чаҳоряниҳоии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Беларус бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард. Мунтахаби Русия бар тими Молдова бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Дар бозӣ миёни дастаҳои Эрон ва Латвия замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метра футболбозони ҷавони Латвия бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд.

Дар бозии дигари чаҳорякниҳоӣ миёни тимҳои Украина ва Литва низ замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони ҷавони Украина бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми январ Украина бо Беларус ва Русия бо Латвия рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки барои ҷойҳои 9-12-ум талош дорад, бозиашро бо тими Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Касе, бозигари тими Эстония, дар дақиқаи 5-ум ҳисобро боз кард. Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 44-ум ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигар барои ҷойҳои 9-12-ум дастаи Қирғизистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Рӯзи 26-уми январ Қирғизистон бо Эстония ва Тоҷикистон бо Туркманистон қувваозмоӣ мекунанд.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0
17.30. Қазоқистон – Туркманистон - 3:1
20.00. Русия – Эстония - 1:0

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон - 4:0
15.00. Молдова– Латвия - 0:0
17.30. Беларус – Тоҷикистон - 2:0
20.00. Эрон - Литва - 3:0

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия – 2:0
15.00. Молдова – Қирғизистон – 2:1
17.30. Қазоқистон – Эстония – 3:1
20.00. Русия – Туркманистон – 0:0

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва – 0:1
20.00. Эрон – Тоҷикистон – 5:0

24-уми январ

17.30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
Туркманистон – Қирғизистон – 1:3
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
Тоҷикистон – Эстония – 1:1

25-уми январ

12.30. ¼ финал Қазоқистон — Беларус – 2:3
15.00. ¼ финал Эрон — Латвия – 1:1, аз рӯи пеналти 1:4
17.30. ¼ финал Украина — Литва – 1:1, аз рӯи пеналти 4:3
20.00. ¼ финал Русия — Молдова – 2:1

26-уми январ

17.30.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Эстония - Туркманистон
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Қирғизистон - Тоҷикистон

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
17.30. 1/2 финал Украина -Беларус
20.00. 1/2 финал Русия- Латвия

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

XS
SM
MD
LG