Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои низомии Эрон дар Бушеҳр суқут кард


Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки як ҳавопаймои эронии навъи F-14 сохти Амрико дар устони Бушеҳри Эрон суқут кардааст. Хабаргузории Форс аз қавли мақомоти расмӣ навиштааст, ҳам халабон ва ҳам ёвари вай дар ин ҳодисаи рӯзи панҷшанбе ба ҳалокат расидаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки шояд сабаби суқути ҳавопаймо нуқси техникии он бошад. Дар артиши Эрон то ҳол ҳавопаймоҳои сохти Амрико истифода мешавад. Эрон ин ҳавопаймоҳоро қабл аз инқилоби 1979 аз Амрико гирифта буд.
XS
SM
MD
LG