Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон аз доруи дуруғини қалб 100 нафар даргузаштаанд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ба бовари онҳо дар се ҳафтаи ахир аз истеъмоли доруҳои дуруғини бемории қалб дар ин кишвар 100 нафар ҷон додаанд. Бино ба гузоришҳо, даҳҳо нафари дигар дар бемористонҳо дар вазъи сангин қарор доранд. Бештари ин беморон дар Лоҳур-маркази аёлати Панҷоб даргузаштаанд. Шаҳбоз Шариф-раиси аёлати мазкур гуфт, аксари ҷондодагон аҳолии камбизоат будаанд, ки доруҳои арзони корхонаи дорусозии маҳаллиро барои истеъмол харидаанд.
XS
SM
MD
LG