Пайвандҳои дастрасӣ

Се афсари пулиси Қазоқистон барои оташ кушодан сӯи эътирозгарон дар шаҳри Жанаозен муҷозот мешаванд.

Бар асари тирандозии кормандони умури дохилӣ, ки моҳи гузашта баъди шурӯи бенизомиҳо аз сӯи кормандони даст ба коршиканӣ задаи ширкати нафт сурат гирифт, 16 нафар ба ҳалокат расиданд.

Асҳат Доулбоев, додситони кулли Қазоқистон, дар як изҳорот аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, алайҳи раҳбари бахши мубориза бо ифротгароии раёсати умури дохилиии вилояти Мангистау Богдабоев, корманди ҳамин раёсат Жолдибоев ва муовини аввали раиси пулиси шаҳри Жанаозен Бакитали-улӣ барои истифода аз силоҳ ва сӯистифода аз мақом, ки мунҷар ба ҳалокати одамон шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додситонӣ ҳамчунин раиси боздоштгоҳи муваққати шӯъбаи умури дохилии шаҳри Жанаозен Темировро дар боздошти ғайриқонунии шаҳрванд Бозорбой Кенҷабоев ва сари вақт ба бемористон интиқол надодани ӯ айбдор кард. Ёдовар мешавем, Кенҷабоев рӯзҳои ҳаводиси Жанаозен боздошт шуд ва бар асари шиканҷа аз сӯи кормандони пулис аз олам даргузашт.

Додситони кулли Қазоқистон афзуд, ному насаби камаш шаш тан аз созмондиҳандагони беназмиҳо дар Жанаозен ҳам мушаххас шудааст. Онҳо алакай боздошт шуда ва мавриди бозпурсӣ қарор доранд. Ба гуфтаи додситони кул, ҳамчунин 23 тан аз ширкатдорони беназмиҳо дар Жанаозен боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Асҳат Доулбоев, се сиёсатмадори мухолифи ҳукумат низ барои ба хушунат таҳрик додани эътирозгарони шаҳри Жанаозен мавриди пайгарди қонун қарор доранд. Онҳо - раиси ҳизби сабтином нашудаи “Олға” (“Ба пеш”) Владимир Козлов, дабири нашрияи мустақили “Взгляд” (“Нигоҳ”) Игор Винявский ва собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Қазоқистон Серик Сапаргалӣ аллакай боздошт шудаанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ ҳабси мухолифини Остонаро маҳкум карданд. Дуня Миятович, масъули бахши озодии баён дар Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, кофтукоб дар дафтари нашрияи “Взгляд”-ро маҳкум намуд ва хостори раҳоии Игор Винявский шуд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch ва Хонаи Озодӣ ё Freedom House мақомоти Қазоқистонро барои саркӯбсозии фаъолони мухолифин ҳадафи танқид қарор доданд.

Сюзан Корк, раиси барномаҳои АвруОсиёи созмони Freedom House дар як баррасии ҳаводиси Қазоқистон дар Комиссиюни амрикоии Ҳелсинки дар Вошингтон ин таъқибу фишорро бо заифии ҳукумати Остона мардум кард. “Назарбоев ва ҳукумати ӯ ба ҷои арҷгузорӣ ба рақобати сиёсӣ ва дигарандешӣ фишорро афзоиш дода ва ба ин васила заифиву осебпазирии худро урён карданд. Раҳбари мутмаин аз ин гуна бархӯрд кор намегирад”,- изҳор намуд хонум Корк.

Вилям Кортнӣ, сафири пешини ИМА дар Қазоқистон, дар ин баррасӣ изҳор намуд, ки иттиҳом алайҳи афсарони пулис бояд ҳатман тафтиш шавад, то ҳукумат одамони бегуноҳро қурбонии иштибоҳҳои худ насозад. Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, мурофиаи додгоҳии онҳо бояд шаффоф сурат бигирад.

23 январ мақомоти ҳифзи тартиботи вилояти Жамбул, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, яке аз фаъолони ҳуқуқи башар Вадим Курамшинро низ боздошт карданд. Вакили дифои Курамшин ба "Озодӣ" гуфт, нафари таҳти ҳимояташ дар талоши ришваситонӣ аз корманди бахши маҳаллии Додситонии кул муттаҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ва раҳбари пешини ҳизби “Рӯҳоният” Серикҷон Мамбеталин Қазоқистонро тарк намуд ва ба Лондон фирор кард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асари таъқибу фишори мақомоти Қазоқистон кишварро тарк намудааст ва дар ояндаи наздик ба ватан баргаштанӣ нест, зеро “таъқиби сиёсии фаъолони мухолифин афзоиш ёфтааст”.

XS
SM
MD
LG