Пайвандҳои дастрасӣ

3 пулис ва 3 сиёсатмадор барои Жаноазен муҷозот мешаванд


Мақомоти интизомии Қазоқистон мегӯянд, ки 3 корманди пулис барои кушодани оташ бар зидди коргарон дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии коргарони нафт дар Жаноазени ин кишвар ба муҷозот кашонда мешаванд. Ин нооромӣ баъд аз як моҳи тазоҳуроти эътирозии коргарон рух дод. Онҳо боло бурдани дастмузди худро тақозо мекарданд. Асҳат Даулбоев-Додситони кулли Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе зимни суханони худ аз телевизиони давлатӣ эълон кард, ки се сиёсатмадори дигар низ дар робита бо ин нооромӣ ва таҳрики коргарон ба муҷозот кашонда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG