Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз таҳримҳои зидди Эрон интиқод кард


Вазорати корҳои хориҷаи Чин аз таҳримҳоии нави Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон интиқод кард. Кишварҳои Аврупо воридоти нафти Эронро таҳрим эълон карданд. Хабаргузории давлатии Чин бо номи Синхуа дар ин бора иттилоъ додааст ва изҳороти Чин шабеҳи интиқодотест, ки қаблан аз ҷониби Русия садо дода буд. Русия ва Чин ҳар ду дар Шӯрои Амнияти СММ аз ҳақи вето бархӯрдоранд ва акнун бори дигар мехоҳанд, ки бар зидди даври дигари таҳримҳои зидди Эрон вето гузоранд. Рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо дар бораи таҳримҳои зидди Эрон ба тавофуқ расид, то аз и н роҳ ба Эрон фишор орад, ки аз барномаҳои зидду нақизи ҳастаии худ даст кашад. Аммо Эрон даъво мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад ва дар бораи иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ нақшае надорад.
XS
SM
MD
LG