Пайвандҳои дастрасӣ

Мададӣ Нағзибеков, варзишгари тоҷик, дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар шаҳри Боку пирӯзӣ ба даст овард.

Ӯ дар ҳайати бошгоҳи бокси шаҳри Бокуи Озарбойҷон - “Baku Fires”
дар рақобатҳо дар вазни то 61 килограмм бар Ойдин Бунямин,барандаи
медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо миёни ҷавонон дар соли 2009-ум, ки бошгоҳи туркии “Istanbul Bosphorus”- ро намояндагӣ кард,
дастболо шуд.

Ин қувваозмоӣ, ки аз панҷ раунд иборат буд, хеле пуршиддат сурат гирифт.
Ҳарсе довар муштзани тоҷикро ( 50:45,50:45,49:46) ғолиб донистанд.

Ин чаҳорумин пирӯзии Мададӣ Нағзибеков дар сабқати WSB маҳсуб мешавад.
Ӯ дар ҳамаи чаҳор қувваозмоӣ пирӯз гаштааст.

Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи “Baku Fires” бар “Istanbul Bosphorus” бо ҳисоби
5:0 пирӯз шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG