Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон қотили духтурчаи 5 соларо боздошт карданд


Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар додааст, ки кормандони ин раёсат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омилони қатли ваҳшиёнаи духтари 5 соларо ошкор кардаанд. Ин духтар 8 январ кушта шуда буд ва кормандони пулис 25 январ Фаррух Абдуллоев-сокини 32 солаи ин ноҳияро ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор боздошт карданд. Дар ҷараёни бозпурсӣ Фаррух гуноҳи худро эътироф кардааст. Вай дар гузашта низ 11 сол зиндонӣ шуда будааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст.
XS
SM
MD
LG