Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Русия боз ба мақомоти Тоҷикистон суол дорад


Палатаи поёнии порлумони Русия мехоҳад, аз мақомоти Тоҷикистон сарнавишти таърихнигор Виктор Радивиловскийро, ки дар маҳбаси Тоҷикистон ба сар мебарад, суол кунад. Раиси аввали Дума Леонид Слутский гуфт, “ҳар як русиягие, ки дар зиндони ҳар кадом аз кишварҳои муштаракулманоеъ аст, аз ҳимояти Дума бархӯрдор хоҳад буд.” Вакили ҳизби Жириновский, Владимир Овсянников гуфтааст, таърихнависи рус Радивиловский ду сол аст, ки дар Тоҷикистон маҳбус мебошад. Дақиқ нашудааст, ки Радивиловский шаҳрванди Русия аст ё Тоҷикистон. Русия дар раҳоии шаҳрвандаш, летчики ширкати “Ролкан” Садовничий ва шарики эстони ӯ, Александр Руденко аз маҳбаси Тоҷикистон дар охирҳои моҳи ноябри соли гузашта муваффақ гашта буд.
XS
SM
MD
LG