Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони Таҳрири Қоҳира хостори қатъи ҳукумати ҳарбӣ шуд


Гирдомадагони майдони Таҳрири Қоҳира гуфтанд, то замоне ки ҳокимият дар Миср аз дасти низомиён гирифта нашавад, инқилоби Миср як кори тамомнашуда ба шумор хоҳад рафт. Даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҷо ба муносибати солгарди инқилобе ҷамъ омаданд, ки раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро пас аз 30 соли ҳокимият барканор кард. Дар ҷамъомадҳои пуриздиҳом дар шаҳрҳои дигари Миср низ аз солгарди инқилоб таҷлил ба амал омад.
XS
SM
MD
LG