Пайвандҳои дастрасӣ

1300 маҳбус дар Қирғизистон даҳони худро дӯхтанд


Шумораи маҳбусони боздоштгоҳҳои Қирғизистон, ки ба нишони эътироз даҳони худро дӯхтаанд, ба 1300 нафар расид. Чунин шакли эътироз замоне сар шуд, ки мақомот хостанд, маҳбусонеро, ки гуруснашинӣ мекарданд, маҷбуран бихӯронанд. Гуфта мешавад, шумораи умумии маҳбусони мӯътариз ба 6000 нафар мерасад. Эътирози дастҷамъонаи маҳбусон 17-уми январ ҳамзамон дар чанд маҳбаси Қирғизистон сар шуд ва баъд аз ҳамлаи маъмурони амниятӣ ба норозиён, ки дар натиҷа як маҳбус кушта ва чандин тан захмӣ шуданд, эътироз густариши бештар пайдо кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG