Пайвандҳои дастрасӣ

Осмони Тоҷикистон абрпӯш аст ва гоҳе барф меборад


Осмон дар ҳамаи манотиқи кишвар имрӯз абрӣ хоҳад буд ва дар ҳама ҷо барфи кӯтоҳмуддат хоҳад борид. Дар навоҳии вилояти Хатлон аксаран барф бо борон ҳамроҳ хоҳад буд. Ҳаво дар ин навоҳӣ аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво сардтар буда, то 8 дараҷа манфӣ мерасад. Айни чунин ҳаворо метавон дар навоҳии тобеи марказ интизор дошт. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сардии ҳаво то 6 ва дар шарқи он то 12 дараҷа хоҳад расид. Ҳаво дар Душанбе абрист ва гоҳе барф меборад, ҳарорат рӯзона то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG