Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Миср аз солгарди суқути Ҳуснӣ Муборак


Даҳҳо ҳазор нафар имрӯз дар маркази шаҳри Қоҳира пойтахти Миср нафар ҷамъ омаданд, то нахустин солгарди қиёми мардумиро, ки ба ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар Миср поён дод, таҷлил кунанд. Тазоҳуроти азими соли гузашта, рӯзи 11 феврал раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро маҷбур кард, аз мақомаш биравад. Дар як тарафи майдони Таҳрири Қоҳира пайравони Ихвон-ул-муслимин ва дигар аҳзоби исломии мамнӯъ дар замони Ҳуснӣ Муборак ҷамъ шуданд ва аз солгарди суқути ӯ таҷлил карданд. Дар тарафи дигар ислоҳотталабоне, буданд, ки мехоҳанд, низомиёни ҳоким бар Миср, қудратро ба ғайринизомиён супоранд ва гунаҳкорони қатли 800 тазоҳургар дар соли гузашта, ҷазо бигиранд.
XS
SM
MD
LG