Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҷумҳурихоҳон ба паёми Барак Обама


Митч Даниел, вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар вокуниш ба паёми солонаи раиси ҷумҳури Амрико иддаъо кард, ки Барак Обама натавонистааст, ваъдаҳои додааш дар интихоботро иҷро намояд. Митч Даниел, губернатори аёлати Индиана, гуфт, агарчӣ Барак Обама сабаби бӯҳрони иқтисодиву молӣ дар Амрико набуд, аммо дар зарфи се соли гузашта натавонист, вазъи мавҷудро ислоҳ кунад. Ӯ гуфт, баръакс қарзи давлатии Амрико ва теъдоди бекорон ҳам афзудааст:"Теъдоди амрикоиёни коргар як даҳсолаи ахир дар сатҳи поинтарин қарор дорад. Яке аз панҷ марди қобили кор ва нисфи бештар аз тамоми афроди зери 30 сол имрӯзҳо кор намекунанд.” Барак Обама дар паёми солонааш барномаеро муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ бо ислоҳоти низоми молиёт, тафриқа миёни сарватмандону табақаи миёнаҳол ва нодорро камтар ва шароитро барои беҳбуди зиндагии онҳо фароҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG