Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Донишкадаи варзиш ба иншооти замонавӣ


Нишасти матбуотии Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
Нишасти матбуотии Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.

Ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар дохиланд.

Ин нукта дар гузориши солонаи ин донишкада дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, таъкид шуд.

Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов, ба хабарнигорон гуфт, дар айни ҳол дар панҷ факултаи донишкада беш аз 3900 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 185 нафар устодон таълим медиҳанд.

Бархе аз донишҷӯёни Донишкадаи варзиш соли гузашта ба Тоҷикистон шӯҳрат оварданд. Масалан, Муҳаммад Абдураҳмонов дар риштаи гуштии кураш, Акмалиддин Каримов дар намуди самбо, Манучеҳр Назаров, Манучеҳр Давлатов дар навъи таэквондо, Мақсадулло Ҷабборов дар навъи ушу ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд.

Муштзан Анвар Юнусов, шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки порсол барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони бокси Осиё гардид, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шуд. Анвар Юнусов беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2011-ум мебошад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим


Шодӣ Сафаров, инчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 40-сола шуд ва ба ин муносибат як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла Спартакиадаи донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе барпо гардид.

Ҷаноби Сафаров афзуд, соли гузашта дар донишкада кафедраи нави бозиҳои миллӣ ва шӯъбаи шатранҷбозон таъсис ёфт. Дар ин донишкада порсол майдонҳои футболи хурд ва баскетбол мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин соли гузашта Осорхонаи донишкада ташкил ёфт.

Вале дар ин нишаст таъкид шуд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки дар Тоҷикистон ягона макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст, ба иншооти замонавии варзишӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG