Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қиссаи духтари афғоне, ки шашгоник таввалуд кард


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ба модаре, ки шашгоник ба дунё овард, дар нигоҳубини ин тифлакон кӯмак хоҳанд кард. Сорогули 23-сола аз ҳоло дар андешаи он аст, ки чӣ гуна бо шавҳараш ин шаш кӯдакро таъмин хоҳад кард. Сорогул аз шаҳри Мазори Шариф аст ва бо шавҳараш ба сахтӣ рӯз мегузаронанд. Сорогул рӯзи 24 январ се духтару се писар ба дунё овард, ки ҳарсе 700 граммӣ вазн доранд, вале солиманд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте фаҳмид, ки шашгоник дорад, ғамгин шуд ва намехост онҳоро ба дунё биёрад, вале нашуд: “Ҳамонҳоро меғалтонам гуфтам, ҷигархун шудам, ҳар коре, ки кардам, нағалтид. Дору хӯрдам, ҳарчиз хӯрдам, аз деворҳо хез задам, нашуд.” Ҳоло бемористони Мазори Шариф ба Сорогул 120 доллар барои нигоҳубини ин тифлакон додааст ва волии Балх низ гуфтааст, ки ба ин хонавода 1200 доллар кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG