Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мунтазири пешниҳодҳои нав дар бораи Сурия


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, кишвараш барои қабули ҳаргуна пешниҳоди созанда дар мавриди ҳалли бӯҳрони Сурия боз аст, аммо ҳамчунон мухолифи таҳримоти Созмони Милал ва истифодаи нерӯ алайҳи режими раиси ҷумҳури Башшор Асад мебошад. Сергей Лавров дар ин бора дар ҳоле сухан гуфт, ки Иттиҳодияи Авруро ва Ҷомеаи Араб машғули таҳияи қатъномае барои Шӯрои Амният ҳастанд, ки дар он аз тарҳи сулҳи Ҷомеаи Араб пуштибонӣ шудааст. Ин тарҳ аз Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мехоҳад, истеъфо диҳад ва баъди ин интихоботҳои озод баргузор шавад. Аммо Сурия ин пешниҳодро дахолат ба умури дохилии худ хондааст. Русия ва Чин ду узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал мухолифи қатъномаҳое раъй додаанд, ки дар он ҳукумати Башшор Асад барои саркӯби тазоҳургарон маҳкум шудааст. Ба гуфтаи созмон аз моҳи марти соли гузашта то кунун дар ин саркӯбиҳо бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG