Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди инқилоби Миср. Як соли умеду ноумедиҳо


Дар солгарди эътирозҳое, ки режими Муборакро суқут дод, ҳазорон мисрӣ ба майдони Таҳрир рехтанд.

Эътирозҳои Миср як нуқтаи авҷи “Баҳори Араб” буд, ки дар Тунису Мисру Яман ва Либия ба суқути режимҳои ҳоким даст ёфта, дар Сурия ҳанӯз идома дорад.

Рӯзи инқилоб ба ҷои Рӯзи пулис

Баъди суқути режими Ҳуснӣ Муборак 25--уми январ, ки дар тақвими расмии Миср иттифоқан Рӯзи пулис буд, Рӯзи инқилоб эълон шуд. Инқилобе, ки ба 30 соли режими худкомаи Муборак поён дод ва саҳифаи наверо дар таърихи Миср боз кард. Саҳифаи давраи гузор бо мурофиаи алайҳи Мубораку пайвандони ӯ, додани озодиҳои бештари сиёсӣ ба мардум ва ҳам нахустин интихоботи озод дар 90 соли истиқлоли Миср анҷом шуд.

Дар арафаи солгарди инқилоб ҳокимони низомии Миср вазъи фавқулоддаеро, ки ҳанӯз соли 1981 дар пайи қатли раисиҷумҳури вақт Анвар Содот ва ба қудрат расидани Муборак ҷорӣ шуда буд, қисман аз байн бардоштанд. Лағви вазъи фавқулодда аз талабҳои умдаи эътирозгароне буд, ки алайҳи режими Муборак қиём карда буданд. Амрико аз ин иқдом истиқбол кард, вале гуфт, роҷеъ ба мавридҳои “истисноӣ” тавзеҳи бештар мехоҳад.

Шаҳди пирӯзӣ дар коми Ихвонулмуслимин

Ва низ дар остонаи солгарди оғози эътирозҳо нахустин иҷлоси парлумони ҷадиди Миср доир шуд. Аксари курсиҳои ин Маҷлисро аҳзоби исломӣ ба даст оварданд. Ин аст, ки Алӣ Давра, вакили парлумон аз Ҳизби озодӣ ва адолати марбут ба Ихвонулмуслимин дар рӯзи оғози кори парлумони нав гуфт: “Мо ҳоло меваҳои демократия ва
Намое аз интихоботи Миср
Намое аз интихоботи Миср
меваҳои инқилоби 25 январро мечинем. Ман имрӯзро мисли як ид эҳсос мекунам ва мардум ҳам хушбахт аст, чунки барои бори аввал дар як муддати тӯлонӣ мо парлумоне дорем, ки аз тамоми мардуми Миср намояндагӣ мекунад.”

Чунин пирӯзии аҳзоби исломӣ мояи нигарониҳое ҳам шудааст, ки меваҳои эътирозҳои алайҳи режими Муборак ба домани исломиҳо рехт ва он фаъолоне, ки аз 25 январ то 11 феврали соли 2011 – рӯзи истеъфои ҳокими худкомаи Миср дар майдони Таҳрири Қоҳира ва даҳҳо шаҳри дигари Миср алайҳи ин режим майдондорӣ мекарданд ва беш аз 800 кушта доданд, аз меваҳои ин инқилоб бенасиб монданд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Идомаи тазоҳурот дар Миср
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим

Аммо Кеннет Рот, мудиромили Human Rights Watch, аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқ изҳори умед кард, ки аҳзоби исломии Миср ба монанди режими Муборак ба сӯи буғӣ кардани озодиҳои демократӣ пой нахоҳанд монд: “Мо умедворем, ки онҳо баъзе озодиҳоро пазируфта, озодиҳои дигарро зери хатар намегузоранд. Ихвонулмуслимин бештар аз ҳама ба бархе озодиҳои сиёсии маъмулӣ, ки дари парлумонро ба рӯи онҳо боз кард, манфиат дорад. Вале ҳифзи фақат озодиҳои сиёсӣ ва дар айни замон нақзи озодиҳои мазҳабӣ, ё ҳуқуқи зан, кори хеле сахт аст.”

Бо ин ҳол, дар як соле, ки аз оғози эътирозҳои Миср гузашт, Ҳуснӣ Муборак бо ҳарду писараш – Ало ва Ҷамол – ва чанд узви калидии кобинаи ӯ бо иттиҳоми фасод ва куштори тазоҳургарон ба додгоҳ кашонда шуданд ва
Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
охирин хабар аз ин мурофиа, дархости додситон аст, ки барои Ҳуснӣ Муборак аз қозӣ ҳукми эъдом хост.

Ҳокимони низомии Миср дар пайи мавҷи дувуми эътирозҳо, ки моҳи ноябр ва ин бор бо талаби хатми ҳарчӣ зудтари ҳукумати генералҳо майдони Таҳрирро фаро гирифт, ваъда супурданд, ки интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро то поёни моҳи июни соли 2012 барпо карда, қудратро ба ҳукумати мулкӣ бар хоҳанд гардонд.

Хоби ҳокимони худкома ҳаром шуд

Аммо бисёрии мардуме, ки як сол пеш алайҳи режими Муборак шӯрид, имрӯз худро то ҷое фиребхӯрда эҳсос мекунанд. Холид Абдуллоҳ, як тан аз аҳли майдони Таҳрир аз он изҳори таассуф мекунад, ки бо вуҷуди суқути режим, зимоми умур дар дасти генералҳо ва пулиси Муборак монд, ки ба қатли эътирозгарон ва “бастани забони инқилоб” идома медиҳанд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Додгоҳи Ҳуснӣ Муборак
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00
Линки мустақим


Комил Абдусалом, яке дигар аз тазоҳургарони “собиқадор”-и майдони Таҳрир низ мегӯяд: “Дар солгарди инқилоб ман аз тамоми мардуми Мисру тамоми арабҳо пурсиданиам, ки дар як сол кадом талабҳои мо иҷро шуд? Дар амал, то имрӯз мо ба чизе ноил нашудаем. Онҳоеро, ки инқилобгаронро куштанд, ҷазое надоданд. Муборак маҳкум нашуд ва ӯро ба додгоҳи инқилобӣ ҳам накашонданд. Тамоми мурофиаҳои анҷомшуда ба як мазҳака мемонад. Мо ба як додгоҳи инқилобӣ ниёз дорем. Инқилоб идома хоҳад ёфт ва инқилобгарон то замони иҷро шудани тамоми талабҳои инқилоб ба набарди худ идома хоҳанд дод.”

Аммо як сабақи муҳиме, ки эътирозҳои Миср ва дар маҷмӯъ, “Баҳори Араб” дод, андохтани бим ва андешаи рӯзи суқут ва эҳтимоли такрори сарнавишти Ҳуснӣ Муборак ва фарзандони ӯ дар дили боқӣ ҳокимони худкомаи дунёст, ки хоби ин тоифаи то “Баҳори Араб” хеле фориғбол ва бепарворо ҳаром кардааст.
XS
SM
MD
LG