Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи Кубиш доир ба музокироти сулҳи Афғонистон


Ян Кубиш, раҳбари нави Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон, мегӯяд, музокирот барои хотима додан ба ҷанги даҳсола замоне муввафақ мешавад, ки таҳти раҳбарии афғонҳо сурат бигирад. Ян Кубиш рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, музокироти сулҳи афғонҳо замоне муввафақ мешавад, ки дар он ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ ҳам ҳузур дошта бошанд. Ян Кубиш гуфт, агарчӣ Афғонистон ҳанӯз ҳам хатарнок боқӣ мемонад, вале ӯ аз баҳсҳои саросарӣ доир ба дурнамои сулҳ дар ин кишвар ташвиқ шудааст. Толибон чанде пеш эълом карданд, ки ба хотири музокироти сулҳ бо Амрико дар Қатар дафтар боз мекунанд. Вашингтон мегӯяд, музокирот бо Толибон танҳо бо ризоияти ҳукумати Афғонистон сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG