Пайвандҳои дастрасӣ

"Фирори" як сиёсатмадори қазоқ аз кишвараш


Раиси собиқи як ҳизби сиёсии Қазоқистон мегӯяд, аз тарси фишору таъқиб аз тарафи мақомот кишварро тарк карда ва Бритониё рафтааст. Серикжан Мамбеталин ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳафтаи гузашта ба шаҳри Ландан омадааст ва ба зудиҳо ба кишвар баргаштанӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, “фишори сиёсӣ алайҳи сиёсатмадорони мухолиф дар Қазоқистон афзоиш ёфтааст.” Серикжан Мамбеталин, раиси собиқи Ҳизби Руҳоният буд, ки ин ҳизб мақомоти Қазоқистонро барои амалкардашон дар шаҳри Жанаозен башиддат интиқод кард. Дар ин шаҳр дар як тазоҳурот чандин нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG