Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти тазоҳургарони мисрӣ ба Қоҳира


Ба хотири таҷлили нахустин солгарди қиёми мардумӣ, ки ба ҳукумати тӯлонии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср хотима дод, имрӯз ҳазорон нафар дар маркази шаҳри Қоҳира ҷамъ омаданд. Тазоҳургарон дар майдони Таҳрир ҷамъ омаданд, ки маҳалли тазоҳуроти азим дар соли гузашта буд ва рӯзи 11 феврали соли гузашта Ҳуснӣ Муборакро маҷбур кард, аз мақомаш истеъфо диҳад. Бино ба гузоришҳо, дар миёни эътирозкунандагон, пайравони аҳзоби исломие низ ҳастанд, ки ҳоло курсиҳои зиёди порлумони тозаинтихоби Мисрро дар ихтиёр доранд. Дигар гурӯҳ, мардуми ислоҳотхоҳест, ки талаб доранд, низомиёни ҳоким бар Миср қудратро ба ғайринизомиён супоранд ва мақомоте, ки дар қатли 800 тазоҳургар дар соли гузашта даст доранд, ҷазо дода шаванд. Ҳуснӣ Муборакро ҳоло маҳз бо ҳамин иттиҳом дар додгоҳ муҳокима мекунанд.
XS
SM
MD
LG