Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама мегӯяд, ҳалли сулҳомези бӯҳрони Эрон вуҷуд дорад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш омода аст, аз ҳар василае барои ҷилавгирӣ аз сохти силоҳи ҳастаӣ дар Эрон истифода кунад. Ӯ дар паёми солонаи худ ба Конгресс гуфт: “Дар инҷо набояд шак дошт. Амрико азми қотеъ дорад, аз сохти силоҳи ҳастаӣ тавассути Эрон ҷилавгирӣ кунад. Ман барои расидан ба ин ҳадаф ҳеҷ гузинаеро сарфи назар намекунам. Аммо ҳаллу фасли мусолиматомези ин масъала ҳанӯз имконпазир аст ва беҳтар он аст, ки Эрон рӯйкарди худро тағйир дода, аҳдҳои худро иҷро кунад ва дар ин сурат метавонад, дигарбора ба ҷомеаи байналмилалӣ бипайвандад." Танишҳо миёни Амрикову Эрон бар сари барномаҳои атомии ин кишвар авҷ гирифтаанд ва ҳоло кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо пайравӣ ба Амрико аз воридоти нафти Эрон даст кашида ва муомила бо Бонки Миллии онро таҳрим кардаанд, ки метавонад, оқибатҳои баде барои иқтисоди Эрон дошта бошад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон талош дорад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ бисозад, аммо Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG