Пайвандҳои дастрасӣ

Ду гаравгонро аз чанголи роҳзанҳои Сомалӣ озод карданд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Амрико бо юрише дар Сомалӣ як шаҳрванди ин кишвар ва Данияро аз дасти роҳзанҳои баҳрӣ озод кардаанд. Гуфта шудааст, ки зимни амалиёти раҳоӣ нерӯҳои амрикоӣ бо роҳзанҳо даргир шудаанд ва чанд роҳзанро ҳам куштаанд. Шӯрои Даниягии Паноҳандагон як муассисаи имдодӣ дар баёнияе гуфт, Ҷессика Бучанан, як зани амрикоӣ ва Пол Ҳаген Тистед, марди даниягӣ субҳи чаҳоршанбе дар “амалиёте дар Сомалӣ” раҳо шуданд. Артиши Амрико ҳанӯз дар ин замина баёнияе надодааст.
XS
SM
MD
LG