Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Иқтисод набояд фақат барои пулдорҳо бошад


Бахши асосии Паёми солонаи раисиҷумҳури Амрикоро баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ташкил дод.

Дар паёми солонааш раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ба адолати бештари иқтисодӣ даъват кард ва нақшаи рушди иқтисодии кишварашро муаррифӣ намуд. Паёми солона, ки дар шабакаҳои сартосарии телевизионӣ пахш шуда, миллионҳо нафар аз амрикоиҳо онро диданд, аз тарафи президент дар ҷаласаи муштараки Конгресс садо медиҳад ва як имкониятест, ки раисиҷумҳур муваффақиятҳои худро қайд ва барномаи ояндаашро муаррифӣ кунад.

Дар ҳоле ки то интихоботи президентии моҳи ноябр чанд моҳи дигар мондааст, Обама зери фишори ин хоҳад буд, ки арзандагияшро ба раёсат исбот кунад. Вай бояд нишон диҳад, ки роҳҳои беҳбуди вазъи иқтисодии Амрикоро медонад ва талошҳояш дар роҳ барҳадар нарафтаанд.

Дар ин паём Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба эҷоди “як иқтисодиёте ниёз дорад, ки на танҳо барои чанд пулдор, балки барои ҳама кор кунад”. Вай гуфт, соли гузашта иқтисоди кишвараш рушд кард, як миллион ҷойи кор таъсис дода шуд, бозори саҳҳом солимтар гашт, аммо кори зиёде дар пеш аст:

"Миллионҳо нафар аз ҳамватанони амрикоии мо ҳар рӯз бо сахтиҳо даст ба гиребонанд. Онҳо ҷойи кор надоранд ё муддатҳост, маоши хуб намегиранду нархҳо боло мераванд. Тамаркузи усулии ман, масъалаи аввалиндараҷаи ман тазмини рақобатпазири мо, рушди мост, эҷоди ҷойҳои кор, на танҳо ҳоло, балки дар оянда низ ва ин мавзӯи асосии паёми ман хоҳад буд.”

Обама рӯйи сармоягузорӣ ба истеҳсолот, дарёфти манобеи нави энержӣ, беҳбуди таълим ва омӯзиши коргарон низ таъкид кард. Як нуктаи дигар ин буд, ки сарватмандон бояд андози бештар диҳанд. Ин дар ҳолест, ки номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентӣ Обамаро айбдор мекунанд, ки аз сиёсатҳои зидди рушди иқтисодии Амрико ҳимоят ва Амрикоро ба қишрҳои доро ва нодор ҷудо кардааст.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки тарафдорӣ ва танқиди амрикоиҳо аз фаъолияти Обама тақрибан баробари ҳамдигар аст, вале бисёриҳо аз сиёсатҳои иқтисодии ӯ қонеъ нестанд. Сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида ҳоло 8,5 дарсадро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG