Пайвандҳои дастрасӣ

Танбеҳ ба Русия барои фурӯши силоҳ ба Сурия


Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сузан Райс

Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сузан Райс

Намояндагони Бритониё, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал Русияро дар ҷаласаи Шӯрои Амният барои фурӯхтани силоҳ ба Сурия шадидан интиқод карданд. Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сузан Райс аз ҳама кишварҳо даъват намуд, фурӯши силоҳ ба Сурияро қатъ кунанд. Вай бидуни ишора ба Русия гуфт, аз силоҳе, ки ба Димишқ фурӯхта мешавад, мардуми бегуноҳ ба қатл мерасад.

Хонуми Райс мегӯяд, "мо аз гузоришҳои ахир дар бораи фурӯши силоҳ ва муҳимот ба Сурия нигаронем. Мо аз кишварҳои содиркунанда даъват мекунем, ихтиёран интиқоли силоҳ ба ражимро қатъ кунанд ва аз ҳамаи кишварҳо мехоҳем, ба талошҳои густардаи қатъи интиқоли аслиҳа барои режими Асад ҳамроҳ шаванд.”

Вай ҳамчунин аз ҷомеаи байнулмилал хост, барои қатъи хунрезӣ дар Сурия ва истеъфои президент Башор Асад ҳамраъйӣ нишон диҳад. Ба иттилои Созмони Милал дар даҳ моҳи нооромиҳои зидди Асад дар Сурия 5400 нафар ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG