Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Узбакистон мушкилҳои худро баррасӣ карданд


Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Музаффар Ҳусейнов бо мақомоти Тошканд тарҳи ҳамкориҳои ояндаи байни ду кишварро баррасӣ намуд. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар изҳороти худ гуфтааст, сафир Ҳусейнов рӯзи 24-уми январ дар ин вазорат мулоқот дошт ва тарафҳо дар мавриди чораҷӯиҳои муштараки оянда табодули назар карданд. Манбаи хабар дар бораи он ки кадом чорабиниҳо дар назаранд, иттилоъ надодааст. Мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки робитаҳои байни ду кишвари ҳамсоя як давраи сардӣ ва ноҳамвориро паси сар мекунанд.
XS
SM
MD
LG