Пайвандҳои дастрасӣ

Поп ба аҳамияти сукут дар муошират таъкид намуд


Попи Рум Бенедикт 16 аз одамон хост ба арзиши сукут дар муоширати беҳтар арҷ гузоранд. Дар паёми солонаи ӯ, ки торнамои Ватикан нашр намуд, гуфта мешавад, “хомӯшӣ як унсури таркибии гуфтугӯст ва бе ҳастии он калимаҳои пурмазмун вуҷуд дошта наметавонанд.” Вай афзудааст, вақте ки сухан аз ҳад зиёд мешавад, хомӯшӣ нақши бузургтаре касб мекунад, то фарқи суханони муҳим аз беаҳамият ва дувумдараҷа маълум шавад. Поп гуфт, баъзан беҳтарин “муколама” дар сукути комил иттифоқ меафтад.
XS
SM
MD
LG