Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ва Бердимуҳаммадов тарҳи лулаи газро баррасӣ мекунанд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмие вориди Туркманистон шуд. Интизор меравад, дар мулоқоти ӯ бо раҳбари ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тарҳи лӯлаи гази табиӣ аз Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон баррасӣ шавад. Туркманистон ба Афғонистон ҳамчунин нерӯи барқ медиҳад ва ду кишвар хостори ба ҳам пайвастани шабакаҳои роҳи оҳани худанд. Кобул гуфтааст, мехоҳад, дар коркарди захираҳои гази шимоли Афғонистон аз мутахассисони Туркманистон истифода кунад.
XS
SM
MD
LG