Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯз ҳавои Тоҷикистон соф, шомгоҳон -- борону барф


Осмон дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон имрӯз соф, аммо дар аксари маҳалҳо абрӣ ва нимаабрист. Пешбинӣ мешавад, ки тарафи шом дар бештари минтақаҳо барф ва борон хоҳад борид. Ҳаво дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Исфара, Хуҷанд ва Истаравшан рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар минтақаҳои кӯҳистонии навоҳии тобеи марказ ҳарорати ҳаво ҳамагӣ 4 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар қисмати шимолии вилояти Хатлон, водии Зарафшон ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сардии ҳаво байни 8 то 12 дараҷа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG