Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми эронии "Ҷудоӣ"-ро ба ҷоизаи Оскар пешниҳод карданд


Асғар Фарҳодӣ
Асғар Фарҳодӣ
Имрӯз дар Лос Анҷелеси Амрико эълон карданд, ки филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғар Фарҳодӣ-коргардони эронӣ ва барандаи ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” ё “Golden Globe” дар бахши беҳтарин филмҳо ба забони хориҷӣ ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ шудааст. 15 январ ҳангоме, ки Асғар Фарҳодӣ ҷоизаи “Кураи тиллоӣ”–ро аз дасти ситораи ҳунари мусиқӣ Мадонна мегирифт, гуфт, ин филм пуле байни фарҳанги Эрон бо Ғарб хоҳад буд:

“Ба назарам мардум бо ҳам мушкил надоранд, мардуми Эрон ҳамон таве, ки ман гуфтам, мардуми сулҳдӯсте ҳастанд. Ман умедворам, ки на танҳо мардуми Эрон, балки дар ҳамаи ҷои дунё ҷангро набинанд. Ҷанг моли гузашта аст”.

Акнун филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” бо филмҳои пешниҳодшуда аз Белгияву Канада, Данияву Исроил, Марокашу Полша ва Тайван барои дарёфти ҷоизаи Оскар мубориза мекунад. Фарҳодӣ ду сол барои роҳ ёфтан ба ин озмун мубориза кард, то мақомоти Эрон ба ин кор иҷоза диҳанд.
XS
SM
MD
LG