Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон қонуни Фаронсаро нажодпарастона номид


Реҷеп Тайип Эрдуғон

Реҷеп Тайип Эрдуғон

Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз қонуни Фаронса дар бораи эътирофи қатли оми арманиҳо аз тарафи туркҳои Усмонӣ интиқод кард. Эрдуғон гуфт, кишвараш дар посух ба ин иқдом тадбирҳои ҷавобиро бар зидди Фаронса қадам ба қадам иҷро хоҳад кард. Эрдуғон гуфт:

“Ҳар касе, ки дар баробари ин иқдоми табъизомез ва нажодпарастона хомӯшу бетафовут мемонад, вай барои нашунидани садои пои фашизм дар Аврупо гунаҳгор дониста мешавад”.

Фаронса ин қонунро 23 январ ба тасвиб расонд. Тибқи қонуни Фаронса ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки қатли оми арманиҳо аз тарафи туркҳои Усмониро эътироф намекунад, як сол ҳабс ва 57 ҳазор евро ҷарима мешавад.
XS
SM
MD
LG