Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Babilon-M: "Кодекси андоз содда карда шавад"


Беҳзод Файзуллоев-раиси ширкати алоқаи мобилии «Вавилон-М».

Беҳзод Файзуллоев-раиси ширкати алоқаи мобилии «Вавилон-М».

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Беҳзод Файзуллоев-раиси ширкати алоқаи мобилии «Вавилон-М».

Озодӣ: Аз замони ба фаъолият оғоз кардани ширкати шумо 10 сол сипарӣ мешавад. Ба назари худи шумо ширкати “Вавилон” дар бозори мухобироти кишвар чӣ мақом дорад?

Файзуллоев: Ширкати “Вавилон-М” дар ҳоли ҳозир яке аз пешсафтарин ширкати хидматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернетӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар воқеъ мо дар муддати на он қадар зиёд тавонистем, ки дар ин самт ба як дастовардҳое ноил бишавем. Зеро ончи, ки муштариҳо аз мо таваққӯъ доранд, беҳтар кардани сифати кор ва бо технологияи муосир арза доштани хидматрасониро барои онҳо дастрас ва таъмин намудем. Айни замон низ талоши ширкат ба он равона шудааст, ки сифати хидматрасониамонро боз ҳам беҳтар намояд. Ва ҳадаф гузоштаем, ки дар соли ҷорӣ тамоми гӯшаву канори Тоҷикистонро ба алоқаи ширкати “Вавилон-М” пайваст кунем.

Озодӣ: Дар ҳоли ҳозир чанд дарсад аз қаламрави Тоҷикистон аз хидматрасонии ширкати шумо бархӯрдор аст?

Файзуллоев: Агар манзур хидматрасонии алоқаи мобилӣ ба аҳолӣ бошад, мо қариб 95 дарсад аз манотиқи кишварро таҳти пӯшиш қарор додаем. Бале, бархе аз манотиқи дурдасти кишвар то ҳанӯз бо алоқаи ширкати мо пайваст нашудааст. Аммо Худо насиб кунад, ният дорем, ки то ба ноҳияи дурдасти Мурғоб иртиботи интернетиро барқарор намоем.

Озодӣ: Ба ҷуз аҳолии кишвар оё аз хидматрасонии ширкати Вавилон ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ҳам истифода мебаранд?

Файзуллоев: Бале, на танҳо аҳолӣ, балки сафоратҳо, бонкҳо, сохторҳои ғайридавлативу хориҷӣ истифода мекунанд.

Озодӣ: Вақте ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон тоза ба фаъолияти худ оғоз намуданд, зангҳои воридотӣ низ пулакӣ буданд ва то ҷое огоҳ ҳастем аввалин ширкате, ки ин ҳолатро аз байн бурд ширкати “Вавилон” буд. Дуруст аст, ки вақте шумо аз ин тарзи кор даст кашиданро пешниҳод кардед на ҳама онро пазируфт ва ҳатто бархе изҳори норозигӣ карданд?

Файзуллоев: Як ибораи англисӣ аст “коллинг пасто пест”, яъне касе занг мезанад, яъне зангро содир мекунад худаш бояд маблағ супорад. Мо аз аввали фаъолият тарафдори чунин навъи кор набудем, чунки ин аз рӯи адолат нест, ки вақте нафаре ба ту занг занад, ту барои қабули ин занг маблағ супорӣ. Касе, ки зангро содир мекунад бояд ӯ пардохт кунад. Ин пешниҳод аз тарафи тамоми ширкатҳои мобилӣ дастгирӣ ёфт ва тақрибан шаш сол мешавад, ки ҳоло пардохтро танҳо содиркунанда бар ӯҳда дорад.

Озодӣ: Гуфта мешавад ширкатҳои мобилӣ аз ҷумла “Вавилон-М” дар муқоиса бо баъзе аз корхонаҳои “таърифӣ”, ки худро гиганти иқтисодиёт ва аз андозсупорандҳои асосии буҷети давлатӣ мешуморанд, бештар андоз месупоранд?

Файзуллоев: Дар бораи дигар ширкатҳои дигар чизе намедонам. Аммо ширкати мо соли гузашта дар умум наздики 190 миллион сомонӣ андоз супорид. Қарздор нестем, балки баъзан пешпардохт ҳам мекунем.

Озодӣ: Бо инки ширкати Шумо ба унвони ҷузъе аз бахши хусусӣ, бидуни дарёфти кӯмаки молии давлат ба бюҷет дар ҳаҷми қобили мулоҳиза андоз месупорад, оё дар анҷоми фаъолияти худ бо мушкилиҳо низ рӯбарӯ мешавад?

Файзуллоев: Ман дар ин маврид назари дигар дорам. Давлат набояд барои ҳама ширкатҳо маблағ ҷудо кунад. Ин шарти асосии кор нест. Вале давлат бояд шароити кориро муҳайё кунад. Давлат ба тавони зӯраш ин шароитро муҳайё кардааст, аммо баъзе мушкилоте дар қавонини мо мавҷуд аст, онҳо чандон содафаҳм нестанд. Барои рушди тиҷорат қонун муҳим аст. Барои мисол агарки Кодекси андози мо тавре таҳия мешуд, ки ба дастгирии тиҷорат мусоидат мекард, беҳтар буд. Муҳтарам раиси ҷумҳурӣ дар суханронии ахири худ қайд карданд, ки Кодекси андоз бояд содда карда шавад ва тоҷирон дастгирӣ ёбанд, то ки технологияи нав рушд кунад, ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.Фикри ман ҳамин аст, ки Кодекси андоз рӯй ба ҷониби тиҷорат гардонад.

Озодӣ: Яъне ба ҳар сурат монеаҳо вуҷуд доранд?

Файзуллоев: Бале, вуҷуд доранд. Кодекси андози мо бояд соддафаҳм бошад, на ба забони душвору илмӣ навишта шуда бошад. Чунки на ҳамаи тоҷирон маълумоти кофӣ доранд, ки Кодекси андозро фаҳманд.

Озодӣ: Ширкати Вавилон барои чанд нафар ҷойи корӣ фароҳам кардааст?

Файзуллоев: Дар ширкати “Вавилон-Мобайл” ва “Вавилон -Т” 1370 нафар кор мекунанд. Бар замми ин боз 590 нафар бо мо тақрибан ба таври ҳамешагӣ бо мо ҳамкорӣ доранд. Боз корҳои мавсимӣ дорем, ки одамонро ҷалб мекунем. Яъне дар як сол наздики 3000 нафар бо мо кору ҳамкорӣ доранд.

Озодӣ: Оё ширкати Вавилон берун аз Тоҷикистон ҳам кор мекунад, яъне намояндагиҳои худро дорад?

Файзуллоев: На, мо танҳо дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекунем.

Озодӣ: Бархе аз тоҷирон кӯмакҳои молӣ барои мактабҳову боғчаҳо ва хонаҳои маъюбон мекунанд. Оё ширкати Вавилон ҳам чунин кӯмакҳоро ироа мекунад?

Файзуллоев: Бале. Барои мисол бемористони рақами яки ноҳияи Рӯдакӣ (пештара Ленинский) -ро сарпарастӣ мекунем. Ғайр аз ин чанд интернати маъюбони ноҳияи Ҳисор, боз дар чанд интернати худи шаҳри Душанбе ҳамеша ёрӣ мерасонем. Барои Боғи ҳайвонот озуқа мехарем. Чанде аз шеру палангҳои Боғи ҳайвонотро ба кӯмаки ширкати мо оварданд. Ҳамчунин мо мактаб дорем, ки дар он ҳар сол 400 талаба ба таври ройгон таҳсил мекунанд. Ба Кумитаи миллии олимпӣ ва дар аксарияти чорабиниҳои варзишӣ ёрдам мекунем.

Озодӣ: Барои ташкили чорабиниҳои ҳукуматӣ низ ёрдам мекунед?

Файзуллоев:
Не.

Озодӣ: Аслан идея ва фикри ташкил кардани ширкати мобилӣ дар шумо кай пайдо шуд?

Файзуллоев: Ин кор дар соли 2002 иттифоқ афтода буд. Мо чанд муддат бо бархе аз ширкатҳои алоқаи Чин вохӯриҳо баргузор кардем. Он вақт дар бозори мухобиротии мо чунин ширкатҳо аслан фаъолият намекарданд. Ва аз соли 2002 ба ин сӯ дар ин бозор фаъолият мекунем.

Озодӣ: Саҳми муҳоҷирони кориро дар рушду инкишофи соҳаи алоқа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Файзуллоев: Бениҳоят зиёд. Муҳоҷирон чун диданд, ки метавонанд бевосита ба волидону зану фарзандҳояшон гуфтугӯи телефонӣ мекунанд, онҳо ҳам рӯй оварданд ба ширкатҳои мобилӣ. Онҳо дар рушди алоқаи мобилӣ ҳиссаи бузург доранд.

Озодӣ: Вақте тоза фаъолияти ширкатро роҳандозӣ кардед, умед доштед, ки муваффақ мешавед ё дудила будед?

Файзуллоев: Мегӯянд, ки аскари қатори нияти генерал шуданро дар дил дорад. Ҳеҷ вақт дудила набудем, балки бовар доштем ва кӯшиш мекардем. Диламон пур буд, ки агар корро дуруст ба роҳ монем, ба боварии халқ дароем, муваффақ мешавем.

Озодӣ: Ҳозир ҳис мекунед, ки генерал шудаед?

Файзуллоев: Бале, муваффақ шудем, камтари дигар кор кунем, шояд генерал ҳам мешавем (механдад).

Озодӣ: Оё фикри ба сиёсат ворид шуданро надоред?

Файзуллоев: Не, ман тоҷир ҳастам ва тиҷорат роҳи ман аст.

Озодӣ: Шумо писари шоири номдор ҳастед. Оё шеърҳои падаратонро хондаед?

Файзуллоев: Бале, ман шеърҳои падари марҳумамро хондаам. Ман аз падарам ва аз дӯстону ҳамкасбони он кас ифтихор мекунам. Чунки ман аз кӯдакӣ ҳамаи онҳоро мешинохтам. Имрӯз ҳам бо онҳо рафтуомаду шиносоӣ дорем.

Озодӣ: Оё номи падаратон барои муваффақ шудан дар кору зиндагӣ барои Шумо кӯмак кард?

Файзуллоев: Бале, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Чунки он кас дӯстони зиёд доштанд. Як ҷиҳати кӯмаки волидон ба кори мо ин буд, ки онҳо намоянда аз ду минтақаи кишвар буданд. Падарам аз ҷануби кишвар ва модарам аз шимоланд. Вақте баъзе корҳо дар ин минтақаҳо мебаромад, мегуфтем, ки пеши фалон шиноси падарам рав. Масалан ҳеҷ гоҳ кормандони мо барои ҷойи хоб дар бештари маҳалҳо мушкил надоштанд. Балки дар пешрафти кори мо мусоидат намуд. Дар шимол хешони модарам дастгирӣ мекарданд коргарони моро, агар ягон мушкилӣ пеш меомад дар ҷануб хешони падар.
Соли 1969 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи рақами 32-и пойтахтро хатм карда дар соли 1987 ба Донишгоҳи политехникии Душанбе шомил мешавад. Хидмати сарбозиро дар артиши шӯравӣ дар вилояти Астрахани Русия ба анҷом мерасонад. Баъди хидмати аскарӣ таҳсилро дар Донишгоҳ дар басти шабона давом дода, рӯзона дар муассисаҳои гуногун ба кор мепардозад. Дар соли 1991 ширкати хусусии худро таъсис дода ба тиҷорат машғул мешавад. Дар ин миён риштаи мухобирот ва коммуникасияи Донишгоҳи техникии шаҳри Душанберо ғоибона хатм карда, соҳиби маълумоти дуввуми олӣ мешавад. Дар соли 2000 ширкати «Вавилон»-ро таъсис дода баъд аз ду сол вориди бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон месозад. Ойиладор. Соҳиби се фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG