Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Халиҷ нозирони худро аз Сурия фаро мехонанд


Кишварҳои арабии Халиҷи Форс эълон кардаанд, ки онҳо намояндагони худро аз гурӯҳи нозирони Ҷомеаи Араб дар Сурия фаро мехонанд. Сабаб ин будааст, ки ин нозирон натавонистаанд нооромиҳои 10 моҳи ахир дар Сурияро боздоранд ва он эътибори нозиронро поин бурдааст. 6 кишвари халиҷ баъд аз Арабистони Саудӣ дар бораи фаро хондани нозирони худ тасмим гирифтаанд. Баҳрайн, Кувайт, Умон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар аз ҷумлаи ин кишварҳо ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG