Пайвандҳои дастрасӣ

Шариф Раҳимзода вазири нави иқтисод ва савдои Тоҷикистон


Шариф Раҳимзода, вазири нави рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода, вазири нави рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода вазири нави рушди иқтисоди Тоҷикистон таин шуд. Фаррух Ҳамралиев аз ин мақом барканор ва мушовири иқтисодии раиси ҷумҳур таъйин шудааст. Шариф Раҳимзода 4 соли ахир раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд. Вай 53-сола аст. Аз соли 1994 то 2008 муовини раиси Бонки миллӣ, сипас, раиси Кумитаи назорати молиявии давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ буд. Вайро дар Тоҷикистон яке аз тарроҳони пули миллии тоҷикӣ бо номи “сомонӣ” мешиносанд. Бо фармони дигари раиси ҷумҳур Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллии Тоҷикистон таин шудааст. Вай то ҳол сафири Тоҷикистон дар Амрико буд.
XS
SM
MD
LG