Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳакимов: Нақби "Истиқлол" то поёни сол такмил мешавад


Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба рӯзномнигорон гуфт, сохтмони нақби “Истиқлол” то поёни соли ҷорӣ такмил хоҳад шуд. Ин нақб ягона роҳи заминист, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Ба гуфтаи вазир, вазорати нақлиёт бо ширкати "Сангоб"-и Эрон дар ин бора қарордоди иловагӣ имзо кардааст. Ҳоло дар ин сохтмон 100 нафар кор мекунанд. Соли гузашта ҳам ҷониби Эрон ва ҳам ҷониби Тоҷикистон қавл дода буданд, ки барои такмили корҳои сохтмонӣ дар ин нақб 3 миллион долларӣ маблағ ҷудо мекунанд.
XS
SM
MD
LG