Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҳбасҳои Қирғизистон 400 зиндонӣ ба нишони эътироз аз шароити зиндонҳо даҳони худро дӯхтаанд.

Зиндониёни қирғиз, ки аз чанд рӯзи пеш ба гуруснашинӣ шурӯъ карданд, аз мақомот мехоҳанд, озодии рафтуомад барои онҳоро бештар кунанд ва аз ҷумла гӯшаҳои махсусе боз кунанд, ки онҳо тавонанд бо якдигар муошират намоянд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Қирғизистон, беназмиву исёнҳои ахир дар зиндонҳо кори дасти гурӯҳҳои ҷиноист.

Гулоим Ашакеева аз бахши қирғизии РО доир ба таҳаввулоти тоза дар бораи тазоҳуроту гуруснашининҳо дар зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд:

Гулоим Ашакеева: Раҳбарияти муассисаҳои ислоҳотии Қирғизистон ба нашри баёнияе гуфт, ки 400 зиндонӣ ба нишони эътироз даҳони худро дӯхтаанд. Пештар аз ин гуфта мешуд, ки аз ҳисоби 30 муассисаи ислоҳотӣ дар Қирғизистон дар 13 тои онҳо зиндониён гуруснашинӣ эълон кардаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки агар вазъи сиҳатии зиндониён бад шавад, онҳоро маҷбуран мехӯронанд, албатта на бо қошуқ, балки бо сӯзандору ба онҳо глюкоза медиҳанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки чӣ қадари онҳоро маҷбуран хӯрониданд. Ин масъаларо дар сатҳи ҳукумат низ баррасӣ мекунанд ва пеш аз ин дар машварат бо аъзои ҳукумат нахуствазири Қирғизистон гуфт, вазъи пешомада бояд таҳқиқ шавад. Айни ҳол ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дигар ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки вазъ рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Озодӣ: Сабабҳои аслии эътирозҳои зиндониёнро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?

Гулоим Ашакеева: Зиндониён ва хешовандони онҳо аз раҳбарони зиндонҳо ва мақомоти расмӣ талаб доранд, ки шароити нигаҳдорӣ ва низоми зиндонҳоро беҳтар кунанд. Хешовандони зиндониён, ки чанд рӯз боз аст, дар баробари қароргоҳи ҳукумат тазоҳурот мекунанд, мегӯянд, ки шароити нигаҳдории зиндониён риққатовар аст, доруворӣ ва маводи ғизоӣ намерасад. Мегӯянд, ки ба хешовандонашон иҷозаи дидорбинӣ бо зиндониён намедиҳанд, зеро фасоду ришвахорӣ дар инҷо реша гирифтааст, раҳбарони зиндонҳо мисли хонҳо рафтор мекунанд ва аз ҳисоби зиндониёну хешовандони онҳо пул ба даст меоранд.

Озодӣ: Мақомоти расмӣ дар бораи ин иддаову сабабҳои исёну гуруснашиниҳо чӣ мегӯянд?

Гулоим Ашакеева: Мақомоти расмӣ ва раҳбарони Муассисаҳои ислоҳотии Қирғизистон мегӯянд, ки дар воқеъ шароити зиндонҳо чандон хуб нест, вале ҳамзамон мегӯянд, ки мекӯшанд то шароит беҳтар шавад. Аз ҷумла зиндонҳоро таъмир мекунанд, зеро аксари маҳбасҳои Қирғизистон чун дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мероси замони шӯравии собиқ ҳастанд ва то кунун боре ҳам таъмир нашудаанд. Ҳамингуна мақомот камбудиҳои худро эътироф мекунанд, вале айни замон инкор мекунанд, ки ҳуқуқи зиндониён помол мешавад, ё онҳо ғизову доруҳои лозимро намегиранд. Раҳбарони муассисаҳои ислоҳотӣ эътироф мекунанд, ки низоми зиндонҳо дар Қирғизистон фосид аст ва дар бахусус дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев ба фасоди амиқ фурӯ рафт ва то ҳадде, ки муассисаҳои ислоҳотиро на мақомот, балки гурӯҳҳои ҷиноӣ идора мекарданд. Коршиносони мустақил ҳам мегӯянд, инҷо мубориза байни ҳукумат ва низоми фосиде меравад, ки тобеъи гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳастанд.

Озодӣ: Ин ҳама эътирозу нобасомониҳо дар зиндонҳои Қирғизистон метавонад ба вазъи сиёсӣ дар кишвар таъсири ҷиддие бигузорад?

Гулоим Ашакеева: Ба андешаи шахсии ман, таъсири ҷиддие нахоҳад дошт, зеро дар зиндонҳои Қирғизистон назар ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ теъдоди камтари зиндониён нигаҳ дошта мешаванд. Ман намедонам, дар Тоҷикистон теъдоди зиндониён чӣ қадар аст, аммо дар маҷмӯъ дар муассисаҳои ислоҳотии Қирғизистон бештар аз 10 ҳазор нафар нигаҳ дошта мешаванд. Ман фикр намекунам, ки амалкардҳои онҳо таъсире дар равандҳои сиёсӣ дар Қирғизистон дошта бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG