Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса баъд аз боздиди Карзай аз Порис тасмим мегирад


Алейн Жуппе

Алейн Жуппе

Алейн Жуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса гуфтааст, кишвараш то рӯзи ҷумъа, яъне то рӯзи боздиди Ҳомид Каразай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Порис мунтазир хоҳад монд, то дар бораи суръат бахшидани хуруҷи нируҳои худ аз Афғонистон тасмим бигирад. Ҳафтаи гузашта Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ҳамаи амалиёти заминии нируҳояш дар Афғонистонро боздошт ва гуфт, ки нируҳои худро қабл аз хуруҷи барномарезишудаи соли 2014 аз Афғонистон фаро мехонад. 20 январ як сарбози артиши Афғонистон ба сӯи нируҳои Фаронса дар Афғонистон тирандозӣ кард ва 4 сарбози Фаронса кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҷунбиши Толибон гуфт, ки ин сарбозро омода кардааст ва ба артиши миллии Афғонистон фиристодааст.
XS
SM
MD
LG