Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илтиҷои ронандаи узбак ва истеҳзои кормандони БДА


Дар шабакаи Ютюб наворе пайдо шудааст, ки азияти ронандаҳо аз сӯи кормандони БДА-и Узбакистонро бозгӯ мекунад.

Аз ҷумла, дар яке аз ин наворҳо дида мешавад, ки ронандаи ҷавони узбак зориву тавалло дорад, то кормандони БДА калиди мошини ӯро бозпас диҳанд.

Дар ин навор ронанда бо хоҳишу илтиҷо мегӯяд, “илтимос, калидамро диҳеду “права”-амро гиред. Ман бояд равам. Маро ба навор нагиред, акаҷон.”

Аз ин вазъии ронандаи ҷавон кормандони БДА лаззат бурда, ба ӯ саволҳои масхараомез низ медиҳанд. Яке аз онҳо меӯяд, “тавба кардам, тавба. Ин хел ронандаро барои аввалин бор мебинам. Суғурута ё бима надорӣ-ку?!”

Зоҳиран ин видеоро худи ходимони пулиси роҳ тавассути мобил наворбардорӣ кардаанд. Аммо гуфта мешавад, ин навор ҳанӯз ду сол пеш дар Интернет пайдо шуда, вале дубора мавриди таваҷҷӯҳи истифодабарандагон қарор гирифтааст.

Хабарнигори бахши узбакии “Радиои Озодӣ” мегӯяд, ин навори видео ба кормандони БДА-ноҳияи Когони вилояти Бухоро рабт дорад. Бозрасии Давлатии Автомобилии Когон ҳам инро тасдиқ кардааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, замоне ки ин навор дар Интернет пайдо шуд, ду корманди БДА аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Аммо бархе аз сокинони Узбакистон мегӯянд, кормандони БДА-е, ки ҳуқуқи ронандагони ин кишварро нақз ё поймол мекунанд, хеле зиёданд.

XS
SM
MD
LG