Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромнӣ барои солҳои 2010 ва 2011 беш аз $6 млн андоз медиҳад


Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз даромади дусолаи худ, ки 42 миллион долларро ташкил медиҳад, 6,2 миллион доллар молиёт ё андоз месупорад. Дар ин бора асноди хонапурикардаи номзадии вай гувоҳӣ медиҳад. Бино ба гузориши рӯзномаи “Washington Post”, дар соли 2010 Ромнӣ 21,7 миллион ва дар соли 2011 20,9 миллион доллар даромад доштааст. Бештари ин маблағ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба даст омадааст. Аснод нишон медиҳад, ки Ромнӣ ҳудуди 3 миллион доллар барои корҳои хайрия ва барои кӯмак ба калисои худ сарф кардааст.
XS
SM
MD
LG